23 сентябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Раиси Кумитаи рушди маҳал назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод ҷаласаи корӣ оид ба раванди татбиқи марҳилаи…
23 сентябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Раиси Кумитаи рушди маҳал назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод ҷаласаи корӣ оид ба раванди татбиқи марҳилаи сеюми маҳаллаҳои пилотии лоиҳаи «Рушди деҳаҳои Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъулини Кумита ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба рафти татбиқи лоиҳа, корҳои анҷомдодашуда ва вазифаҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Лоиҳаи «Рушди деҳаҳои Тоҷикистон» бо маблағгузории Ташкилоти ғайритиҷоратии «Семаул Ундонг»-и Ҷумҳурии Корея амалӣ гардида, ба рушди инфрасохтори маҳаллӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони маҳаллаҳои пилотӣ равона шудааст.
Дар доираи лоиҳа дар ноҳияи Шаҳринав маҳаллаҳои Файзбахш, Гулреза, Навбаҳор ва Ҳаёти нав ҳамчун маҳаллаҳои пилотӣ интихоб гардидаанд. Марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳа татбиқ гардида, айни замон корҳои марбут ба марҳилаи сеюм идома доранд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки барои татбиқи самараноку босифати лоиҳа ҳамкории зичи сохторҳои масъул, мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони лоиҳа муҳим мебошад. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба маблағгузорӣ, иҷрои корҳои инфрасохторӣ ва рафти амалишавии чорабиниҳои пешбинишуда баррасӣ шуданд.
Раиси Кумита муҳтарам Камолиддин Муминзод зимни суханронӣ таъкид намуд, ки корҳои дар доираи лоиҳа пешбинишуда бояд бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида шуда, пеш аз ҳама ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат намоянд.