5 сентябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ…
5 сентябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ собиқадорони меҳнат Адолат Раҳмонова ва Хайриниссо Юсуфӣ иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод меҳмононро хайрамақдам намуда, дар бораи аҳаммияти 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва фаъолияти Кумитаи рушди маҳал маълумот пешниҳод намуд.
Сипас, собиқадори меҳнат Адолат Раҳмонова доир ба Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, аҳаммияти таърихии он ва нақши онро дар таҳкими давлатдории миллӣ баён намуд.
Дар идомаи чорабинӣ собиқадори меҳнат Хайриниссо Юсуфӣ ибрози андеша намуда, оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ суханронӣ кард.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзу таҳкими он ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишвар вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Ҷаласаи тантанавӣ дар фазои идона баргузор гардида, дар охир ба собиқадорон ва кормандони Кумита Ифтихорномаву Сипосномаҳо тақдим карда шуд.