7 августи соли 2026 Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳайати Кумитаи рушди маҳал таҳти роҳбарии раиси Кумита Камолиддин Муминзод аз аз як қатор иншоотҳои муҳими иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ боздид ба амал оварданд. Гурӯҳи кории Кумита…
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳайати Кумитаи рушди маҳал таҳти роҳбарии раиси Кумита Камолиддин Муминзод аз аз як қатор иншоотҳои муҳими иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ боздид ба амал оварданд.
Гурӯҳи кории Кумита аз рафти фаъолияти корхонаи истеҳсолии равғани пахта, корхонаи истеҳсолии хушти пухта, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14, кӯдакистони Ҷамоати деҳоти Обурдон ва рафти корҳои сохтмонии маркази хизматрасонии ноҳияи Мастчоҳ дидан намуданд.
Дар рафти боздид ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Шермуҳаммад Нодирӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Дар аснои боздид масъулин фаъолияти корхонаҳои худро, имкониятҳои мавҷуда ва шароити корбарии онро муаррифӣ намуда, оид ба нақшаю лоиҳаҳои ояндадор маълумоти муфассал доданд.