7 августи соли 2026 дар толори МД “Кохи фарҳанг”-и ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Камолиддин Муминзод ҷаласаи дуюми…
7 августи соли 2026 дар толори МД “Кохи фарҳанг”-и ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Камолиддин Муминзод ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳикими худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Кумитаи рушди маҳал/муовини роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Камолиддин Муминзод оғоз бахшида, қайд намуд ки дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар мамлакат корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб намуда, иншооти таъминоти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон зимни суханронӣ раиси Кумитаи рушди маҳал/муовини роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Камолиддин Муминзод ба масъалаи таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ таваҷҷуҳ равона шуда, иншоотҳои ҷашнӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шавад.