5 августи соли 2026 Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳайати Кумитаи рушди маҳал таҳти роҳбарии раиси Кумита Камолиддин Муминзод аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнии ҶДММ “Амид” ва бинои нозироти андози шаҳри Исфара боздид…
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳайати Кумитаи рушди маҳал таҳти роҳбарии раиси Кумита Камолиддин Муминзод аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнии ҶДММ “Амид” ва бинои нозироти андози шаҳри Исфара боздид намуданд.
Аҳамияти асосии ин боздид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона карда шуд.
Гурӯҳи корӣ рафти бунёди бинои нави маркази савдоро назорат намуд. Дар ин раванд меҳмонон ҳамроҳии раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода аз Маҷмааи "Амид" дидан карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи мазкур на танҳо сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ баланд мебардорад, балки барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозад.
Дар идома шиносоӣ бо вазъи таъсири куллии бинои нозироти андози шаҳр сурат гирифт. Дар ин ҷо шароити кории кормандон ва сатҳи воридсозии технологияҳои рақамӣ ҷиҳати осон намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон мавриди баҳодиҳӣ қарор дода шуд.
Ин ҷо ба масъулони сохторҳо ва бунёдкорон ҷиҳати сифатнок ва саривақт ба анҷом расонидани корҳо тавсияву супоришҳои мушаххас дода шуданд.