5 августи соли ҷорӣ дар идомаи сафари корӣ ҳайати Кумита таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳал муҳтарам Камолиддин Муминзод бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026 таҳти №АП-996 ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои…
5 августи соли ҷорӣ дар идомаи сафари корӣ ҳайати Кумита таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳал муҳтарам Камолиддин Муминзод бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026 таҳти №АП-996 ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз кудакистони №1 Нури Робияи шаҳри Конибодом боздид намуданд.
Дар рафти боздид ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Муртазохон ва раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ҳамроҳӣ намуданд.
Раиси Кумитаи рушди маҳал бо фаъолияти кудакистони №1 Нури Робия аз наздик шинос шуда, бо омӯзгорону мураббиён ва кормандони соҳа мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни боздид аз ҷониби раиси Кумитаи рушди маҳал муҳтарам Камолиддин Муминзод оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҷорӣ намудани усулҳои муосири омӯзиш, рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон, тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва иҷрои босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.