Дар идомаи сафари корӣ ҳайати Кумита таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳал муҳтарам Камолиддин Муминзод бо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, аз фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, аз иншооти варзишӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ,…
Дар идомаи сафари корӣ ҳайати Кумита таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳал муҳтарам Камолиддин Муминзод бо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, аз фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, аз иншооти варзишӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, майдонҳои ҷамъиятӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иншооти иҷтимоии ноҳия аз наздик шинос шуданд.
Ҳайати Кумита таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳал аз Кӯдакистони 2 "Кулча"- шаҳраки Сарвода, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9и деҳаи Такфон, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и шаҳраки Зарафшон-2, Беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Анзоб, Майдони Парчами шаҳраки Зарафшон-2 ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоил Сомонии ноҳияи Айнӣ боздид намуданд.
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корҳои ободониву созандагии дар ноҳияи Айнӣ анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, онҳоро натиҷаи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати содиқонаи сокинони ноҳия арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ, сохтмон ва азнавсозии иншооти иҷтимоӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолӣ бояд бо чунин суръат идома ёфта, ҷиҳати татбиқи саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-996 тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.
Зимни мулоқот бо сокинон, кормандони муассисаҳо, омӯзгорон, табибон, мураббиён ва ҷавонон масъалаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқат ба давлату миллат, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, таъкид шуд, ки пешрафти устувори ҷомеа маҳз аз фаъолияти самараноки ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон вобастагӣ дорад.