4 марти соли 2026, вохурии Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод, бо роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ҷаноби Виктор Лутенко баргузор гардид. Раиси Кумитаи рушди маҳал…
4 марти соли 2026, вохурии Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод, бо роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ҷаноби Виктор Лутенко баргузор гардид.
Раиси Кумитаи рушди маҳал Камолиддин Муминзод зимни суҳбат таъкид кард, ки ҳамкории устувор бо созмонҳои байналмилалӣ яке аз омилҳои муҳим дар пешбурди сиёсати давлатии идоракунии рушди маҳал мебошад.
Виктор Лутенко изҳор намуд, ки Созмони байналмилалии муҳоҷират омодааст равобити мавҷударо тақвият бахшад ва барномаҳои навро дар самтҳои муҳоҷират, идораи раванди муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, баланд бардоштани дониши кормандони сохторҳои маҳаллӣ ва мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо роҳандозӣ намояд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамкоронаи самаранок баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи нақшаҳои муштарак ҷиҳати рушди маҳал дар ҷумҳурӣ изҳор доштанд.