Имрӯз тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 феврали соли 2026, №АП-982 Саттор Бобоҷон Бобоқул ба вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ин таъйин дар…
Имрӯз тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 феврали соли 2026, №АП-982 Саттор Бобоҷон Бобоқул ба вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Ин таъйин дар доираи сиёсати оқилонаи кадрӣ ва тавсеаи роҳбарияти фаъоли давлатӣ сурат гирифта, бо мақсади тақвият додани самтҳои афзалиятноки рушди маҳал, беҳтар намудани идоракунии маҳаллӣ ва таъмин намудани ҳамоҳангӣ дар татбиқи барномаҳои стратегии давлатӣ анҷом ёфтааст.
Шиносоии кадри навтаъинро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло бо кормандони Кумита анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот, ӯ таъкид кард, ки таъйини Саттор Бобоҷон Бобоқул заминаи боэътимод барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Кумита, рушди устувори маҳал ва амалӣ гардидани барномаҳои стратегии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар фароҳам меорад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки роҳбарияти нави Кумита бо истифода аз таҷрибаи бой ва малакаи касбӣ, бо тарзи муассир ва пайгирона ба татбиқи лоиҳаҳои рушди маҳал, рушди инфрасохтор, беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.