12 феврали соли 2026, дар меҳмонхонаи “Румӣ” бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳал – Камолиддин Муминзод, раиси ноҳияи Шаҳринав – Вализода Абдуқодир Исуф, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шарикони рушд ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита…
12 феврали соли 2026, дар меҳмонхонаи “Румӣ” бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳал – Камолиддин Муминзод, раиси ноҳияи Шаҳринав – Вализода Абдуқодир Исуф, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шарикони рушд ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайритиҷоратии “Семаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея семинари омӯзишӣ дар мавзуи: “Табодули таҷрибаи лоиҳаи маҳаллаҳои пилотии Гулреза, Навбаҳор, Ҳаёти нав ва Файзбахши ноҳияи Шаҳринав дар самти ободонию созандагӣ ва муаррифии натиҷаҳо дар ин раванд” баргузор карда шуд.
Тибқи барномаи семинар сараввал раиси Кумитаи рушди маҳал – Камолиддин Муминзод меҳмононро бо рӯзномаи семинар шинос намуда, қайд карда шуд, ки мақсади ҷамъомад ин тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар сатҳи деҳот дар заминаи таҷрибаи натиҷаи бадастомада аз раванди амалигардонии лоиҳаҳои пилотӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти самараноки маҳаллаҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ” мебошад.
Дар идомаи семинар раиси Кумитаи рушди маҳал – Камолиддин Муминзод маълумоти муфассал доир ба раванди ҳамкориҳои судманди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти ғайритиҷоратии “Семаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Кореяро пешкашӣ иштирокчиён намуд.
Сипас раиси ноҳияи Шаҳринав – Вализода Абдуқодир Исуф вобаста ба тадбирҳои роҳандозинамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар самти амалишавии лоиҳа ва раванди ҳамонҳангсозии фаъолияти Кумитаи маҳаллаҳои пилотии Гулреза, Навбаҳор, Ҳаёти нав ва Файзбахш суханронӣ намуд.
Дар қисмати дуюми семинари омӯзиши тариқи рӯнамо ҳисоботҳои раисони маҳаллаҳои пилотии Гулреза, Навбаҳор, Ҳаёти нав ва Файзбахши ноҳияи Шаҳринав роҷеъ ба рафти амалишавии лоиҳа дар маҳаллаҳои зикргардида ва натиҷаҳои бадастомада дар заминаи анҷоми 2 марҳила шунида шуд.