Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша масъалаи забондонӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва рушду таҳкими маърифати ватандориро дар меҳвари сиёсати…
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша масъалаи забондонӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва рушду таҳкими маърифати ватандориро дар меҳвари сиёсати фарҳангию маорифии кишвар қарор медиҳанд, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва сохторҳои давлатӣ як силсила чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ мунтазам роҳандозӣ гардида истодаанд.
Ин иқдомҳо ба он равона шудаанд, ки барои ҷавонон, омӯзгорон ва хизматчиёни давлатӣ муҳити мусоиди таҳсил, такмили ихтисос, баланд бардоштани савияи илмӣ ва омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ фароҳам оварда шавад.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки забондонӣ танҳо василаи муоширати рӯзмарра набуда, балки яке аз муҳимтарин абзорҳои тавсеаи тафаккур, инкишофи ҷаҳонбинии фарох, рушди пайвандҳои фарҳангӣ ва таҳкими ҳамгироии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ босуръат пеш меравад, донистани забонҳои хориҷӣ ба талаботи ҷиддӣ табдил ёфта, барои тарбияи кадрҳои рақобатпазир, мутахассисони баландихтисос ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ мебозад. Маҳз бо дарки ҳамин зарурат, сиёсати давлат дар мавриди таҳкими забондонӣ ба сатҳи афзалиятҳои миллӣ бароварда шудааст.
Тибқи супоришҳои Пешвои миллат, ҳар як хизматчии давлатӣ вазифадор аст, ки на камтар аз ду забони хориҷиро дар сатҳи корӣ аз худ намояд. Ин талабот ба самаранокии фаъолияти давлатӣ, сатҳи касбият, имкони иштирок дар гуфтушунидҳои байналмилалӣ, таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва густариши робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ мусоидат мекунад.
Илми забондонӣ на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон зарур аст, балки барои худи хизматчиён имкониятҳои нав - аз ҷумла рушду такмили шахсӣ, болоравии мансабӣ ва тавсеаи доираи фаъолияти касбиро фароҳам меорад. Ҳамзамон, донистани забонҳо ба таҳкими робитаҳои дипломатӣ, муаррифии имкониятҳои иқтисодию сармоягузорӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва тарғиби дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор мегузорад.