Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки рузи 27 январи соли 2026, соати 08:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита…
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки рузи 27 январи соли 2026, соати 08:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 баргузор мегардад.
Намояндагони воситаҳои охбори аммаро барои иштирок дар чорабинии мазкур даъват менамоем.
Суроға: кучаи Теҳрон 21 (назди Муассисаи таҳсилоти миёни умумии рақами 1) ошёнаи 3.
Телефон барои тамос: 221-06-78
ВАРАҚАИ МАТБУОТИИ НИШАСТ:
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти худро дар асоси сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин тибқи талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи вазифаҳои низомномавӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Раванди ободониву созандагӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо шарофати раванди созандагӣ дар кишвар тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 “Оид ба корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Кумита ҳамкориҳоро бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда, таҳлили рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро амалӣ карда истодааст.
Дар ин замина, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аз 28 ҳазору 958 адад иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоии ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2025-ум 28 ҳазору 11 адад иншоот бо таъсиси 53 ҳазору 633 ҷойҳои нави корӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд, ки ба 96,7 фоизи иҷроиши нақша баробар мебошад.
Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025
Кумита дар ин давра оид ба натиҷаҳои мониторинги барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисоди барои солҳои 2021-2025 ҳисоботҳоро аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва ҷамъбаст карда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Кумита дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз “Маълумот оид ба арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал” дар семоҳа, нимсола аввал ва нуҳ моҳ соли 2025-ро арзёбӣ намуда, маълумоти таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд ва тибқи супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои чораҷӯӣ ирсол карда шуд.
Баргузории чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии миллӣ
Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 “Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” аз самти муҳими фаъолият Кумита маҳсуб ёфта, ҷамъбасти Фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” барои соли 2025 санаи 26 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки ғолибони фестивал бо мукофотҳои пулӣ, Шоҳҷоиза, дипломҳои дараҷаи якум, дуюм, сеюм ва шахсони ташаббускор дар ин самт бо Сипоснома қадрдонӣ карда шудаанд.
Кумита дар ин давра таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 6 майи соли 2022 №АП -188 оиди омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ баргузор намуда, ғолибини озмуни мазкур низ бо мукофотпулӣ ва дипломҳо қадршиносӣ карда шудаанд.
Самти равобити байналмилалӣ
Дар соли 2025 бо мақсади такмили савияи дониш, малакаи касбӣ, омӯзиши дастоварди мамлакатҳои пешрафта, кормандони Кумита ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии Корея сафар намуда, бо корҳои дар самти рушди маҳал иҷрогардида, арзёбӣ ва тадвини барномаи миёнамӯҳлати рушд ва дигар масъалаҳои ба соҳаи фаъолият дахлдор шинос гардида, таҷрибаи омӯхтаро дар фаъолияти минбаъда мавриди истифода қарор хоҳанд дод.
Дар самти муносибатҳои байналмилалӣ Кумитаи рушди маҳал оғоз аз соли 2021 то инҷониб дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Ташкилоти ғайритиҷоратии “Саемаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея 4 маротиба курсҳои омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуда, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 4 деҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои рушди инфрасохтор барои давраи солҳои 2024-2028 бо маблағи умумии буҷетӣ 440 ҳазор доллари ИМА амалӣ намуда истодааст, ки то ин замон деҳаҳои дахлдор тибқи меъёрҳои пешниҳодгашта интихоб гардида, марҳилаи аввал ва дуюми амалишавии лоиҳаи мазкур ба анҷом расонида шуда, соли ҷорӣ корҳо дар самти амалишавии марҳилаи сеюми лоиҳа оғоз гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур дар ҳудуди деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, деҳаҳои Гулреза, Навбаҳор, Ҳаёти нав ва Файзбахш амалӣ гардида истодааст.