eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
ПАЁМ ИН РАҲНАМУИ ЗИНДАГИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ ХУДШИНОСУ ВАТАНДУСТ АСТ
Саҳифаи асосӣ
More
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
ПАЁМ ИН РАҲНАМУИ ЗИНДАГИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ ХУДШИНОСУ ВАТАНДУСТ АСТ
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
Ноҳияи Исмоили Сомонӣ кучаи Теҳрон 21
Дар бораи Кумита
Фаъолият
Санадҳо
Маркази матбуот
Тамос бо мо
Нома ба Мақомот
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 январи 2026
ПАЁМ ИН РАҲНАМУИ ЗИНДАГИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ ХУДШИНОСУ ВАТАНДУСТ АСТ
Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 20 январи соли 2026 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии…
Previous slide
Next slide
Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”
20 январи соли 2026 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши самараноки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусния Исҳоқӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.
Ҳамоиши мазкур ба муҳтавои асосии паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигаронида шуда, самтҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, энергетика, сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими оила, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки дар робита ба эълон гардидани соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҳар яки моро зарур аст, ки дар ободонӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда дошта бошем.
Дар анҷоми ҳамоиш ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар паём аз 16-уми декабри соли 2025 таъкид гардидаанд, пешниҳодҳои мушаххас ироа шуда, паёмро ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми роҳнамо ба ояндаи дурахшони кишвар ва саодати зиндагии шоистаи мардум таъкид намуданд.