Бо мақсади таҳлили рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи ҳафта 14 июли соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки сардорони раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А., ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А., сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Х.Р., сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Ҳайётов Н.Г., мудири бахши молиявию баҳисобгирӣ Хоҷазода Ш.А. ва кормандони Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А. сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А. ва сардори шуъбаи умуӣ, кардрҳо ва корҳои махсус аз натиҷаи фаъолият дар ҳафтаи сипаригардида ва иҷрои супоришҳои аз ҷониби Раиси Кумита вазифагузорӣ шуда буд маълумот пешниҳод намуданд. Иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи мухтасари арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ва пешниҳоди маълумот ба сохторҳои дахлдор аз натиҷаи бандҳои Паём аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, барои иҷрои босифати масъалаҳои зикршуда, ба масъулин дастуру супориши мушаххас пешниҳод гардид.