Бо мақсади таҳлили рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи ҳафта 07 июли соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки сардорони раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А., ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А., сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Х.Р., сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Ҳайётов Н.Г., мудири бахши молиявию баҳисобгирӣ Хоҷазода Ш.А. ва кормандони Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А. сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А. ва сардори шуъбаи умуӣ, кардрҳо ва корҳои махсус аз натиҷаи фаъолият дар ҳафтаи сипаригардида ва иҷрои супоришҳои аз ҷониби Раиси Кумита вазифагузорӣ шуда буд маълумот пешниҳод намуданд. Иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2025, №27/10-475(27.4) нисбати қонуншиканӣ аз ҷумла дар нақшаи генералии шаҳри Бохтар, таъмини иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2025, №16/10-46 роҷеъ ба протоколи ҷаласаи машварати назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъмини низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳо дар воҳидҳои сохтории Кумита ва пешниҳоди маълумот ба сохторҳои дахлдор аз натиҷаи бандҳои Паём аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, барои иҷрои босифати масъалаҳои зикршуда, ба масъулин дастуру супориши мушаххас пешниҳод гардид.