Бо мақсади таҳлили рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи ҳафта 30 июни соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки сардорони раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А., ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А., сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Х.Р., сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Ҳайётов Н.Г. ва кормандони Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А. сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А. ва сардори шуъбаи умуӣ, кардрҳо ва корҳои махсус аз натиҷаи фаъолият дар ҳафтаи сипаригардида ва иҷрои супоришҳои аз ҷониби Раиси Кумита вазифагузорӣ шуда буд маълумот пешниҳод намуданд.
Воҳидҳои сохтории Кумита вазифадор гардиданд, барои баргузории маҷлиси ҷамъбастии фаъолиятӣ дар нимсолаи якум ҳисоботро пешниҳод намуда, фаъолиятро ҷиҳати саривақт иҷро намудани супоришҳои зикргардида ба роҳ монанд.