Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 67 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2025, №1 вобаста ба таъмини иҷрои босифати барномаҳои маҳаллӣ, инчунин таҳия ва қабули барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар ин замина, Кумита дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (супориш аз 22 майи соли 2025, №18909(24-3)) корҳои ҳамоҳангсозиро бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шарикони рушд аз қабили коршиноси байналмилалии JICA дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот саривақт ва самаранок ба роҳ монда, баргузории семинарҳои омӯзиширо марҳила ба марҳила ба нақша гирифтааст.
Марҳилаи дуюми семинари омузишӣ барои шаҳру ноҳияҳои Роғун, Нуробод, Рашт, Лахш, Тоҷикобод ва Сангвор санаи 21 июни соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод баргузор гардид.
Ҳайати иштирокдорон аз ҳисоби муовинони соҳавии самти иқтисод, мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои шаҳру ноҳияҳои болозикр ва 2 нафари раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот даъват гардида, иштироки онҳо аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таъмин карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар кори семинари омӯзишӣ намояндагон аз вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиноси байналмилалии JICA дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, тибқи барнома дар мавзуҳои банақшагирифташуда маърӯзаҳои пурмӯҳтаво карданд.
Дар асоси супориши болозикр ташкил баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи маҳал дар дигар минтақаҳо низ ба нақша гирифта шудааст.