Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 майи соли 2025, №16525 (29-6.3) корманди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдаҳмадзода Аминҷони Шариф дар семинари омӯзишӣ ба минтақаи намоиши Янлинги Ҳукумати Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзид.
Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Рушди устувор ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои масъулини СҲШ” аз ҷониби Донишгоҳи шимолу ғарбии кишоварзӣ ва ҷангал. Институти иқтисодиёт ва идоракунии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар семинари мазкур намояндагон, хизматчиёни давлатии кишварҳои Узбекистон ва Молдова низ иштирок намудаанд.
Аз ҷониби профессорони Донишгоҳи мазкур дар мавзӯъҳои “Модели ташаккули занҷири махсуси маҳсулоти кишоварзӣ”, “Ҳодисаҳои сохтани занҷир дар кишоварзии махсусгардонидашуда”, “Технологияҳои рақамӣ ҳамчун комплекси агросаноатӣ: амалия ва хулосаҳо”, “Таҷрибаи Чин оид ба коҳиш додани камбизоатӣ ва пешбурди рушд тавассути истеҳсоли махсуси меваю буттамева”, “Рушди устувори кишоварзӣ дар Чин ва пешбурди муштараки коҳиши камбизоатӣ”, “Тараққиёти сифатии хоҷагии қишлоқ ва амнияти озуқаворӣ”, “Роҳҳои мусоидат ба коҳиши камбизоатӣ ва рушди деҳот тавассути технологияи кишоварзӣ ва рушди саноат” ва “Сифати тараққиёти хоҷагии қишлоқ ва озуқаворӣ”, бо забони русӣ машғулиятҳои омузишӣ гузаронида шуд.
Инчунин, иштирок дар бахши Янлингӣ ва Сиан Форуми СҲШ оид ба коҳиши камбизоатӣ ва рушди устувор, омӯзиши таъриху фарҳанги Чин, сафар ба гурӯҳи саноати ғалла ва нафти Сиан Айҷу, боздид аз пойгоҳи саноатии шимолу ғарб барои омӯзиши усулҳо ва таҷрибаи асосӣ дар эҷоди ҷойҳои корӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ тавассути захираҳои хурди савдои яклухт, сафар ба осорхонаи артиши Терракота, шиносои бо муҷассамаи сафолии қадими Чинӣ, боздид аз рушди соҳаи ғалла ба коҳиши камбизоатӣ ва эҳиёи деҳот, аз деҳаи Тианси дар Янлинг барои омӯхтани интегратсияи хоҷагии коллективӣ ва саноатҳои махсусгардонидашуда, аз минтақаи намоишии интеллектуалии кишоварзии Янлинг,аз фарҳанг ва санъати анъанавии Чин, аз Девори Бузурги Чин, аз маркази намоиши хоҷагии қишлоқи Пекин, Сафар ба маъбади Осмон, шиносои бо арзишҳои таърихию фарҳангии он ва санъати меъморӣ сурат гирифт.
Пас аз анҷоми сафар аз натиҷаи баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Рушди устувор ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои масъулини СҲШ” бо кормандон машғулият дар мавзӯӣ зикршуда баргузор гардид, ки метавон омӯзиши онро барои беҳбудии фаъолият дар рушди маҳал судманд донист.