Рӯзи 17 июни соли 2025 дар асоси Нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушд” барои соли 2025 бо иштироки намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-кафил ва бақои миллат” ба истиқболи 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Абдураҳимзода Фирӯз – муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Рушд” ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки пояи
сулҳу осоиштагӣ дар сарзамини ҳамешабаҳори мо комилан мустаҳкам гаштааст, зеро фарзанди бузурги ин сарзамини аҷдодӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои устуворӣ ва ҷовидонии Ваҳдати миллӣ такягоҳи боэътимоданд.
Маҳз, меҳру муҳаббати самимии Пешвои муаззами миллат ба Ватан ва худшиносию худогоҳии миллати фарҳангсолори мо боис шуд, ки Тоҷикистони азизи мо ба Ваҳдати миллӣ, ҳамчун арзиши муқаддаси инсонӣ ноил гардида, ҳастии онро муқаддас эътироф намоед.
Вобаста ба муҳимияти Ваҳдати миллӣ кормандони ташкилоти ибтидоии “Рушд” Камолзода Ф. ва Рустамзода Б. бо маъруза пурмазмуни намуда, нақши Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.