Бо мақсади таҳлили рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи ҳафта 16 июни соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки муовини якуми раиси Кумита Муминзод К.Р., сардорони раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А., ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А., сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Х.Р., сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Ҳайётов Н.Г. ва кормандони Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гирдад.
Сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А. аз натиҷаи корҳои дар ҳафтаи сипаригардида иҷрошуда ва бардошти худ аз сафари корӣ ба минтақаи Рашт, сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А. аз натиҷаи сафари корӣ ба ноҳияҳои вилояти Хатлон ва сардори шуъбаи умуӣ, кардрҳо ва корҳои махсус аз натиҷаи фаъолият дар ҳафтаи сипаригардида ва сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ахборот пешниҳод намуда, зикри он доштанд, ки дар баробари омӯзиш ва таҳлили масъалаҳои пешниҳодгардида, дар маҳал ва мутахассисону масъулони соҳа дастуру ёрии методӣ низ расонида шуд.