Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкили таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бунёд таъмир ва азнавсозии 735 иншоот ба нақша гирифта шуда, то 1-июни соли ҷорӣ 592 иншоот ба маблағи 205 милиону 881 ҳазор ва 1208 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар 26 иншоот идома дошта дар 117 иншоот иҷрои корҳо оғоз нагардидааст. Дар ноҳия давоми солҳои 2021 ва 5 моҳи 2025, 18 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 9 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 130 иншоот дар соҳаи маориф, 9 иншоот дар соҳаи варзиш, 43 иншоот дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 68 бинои истиқоматӣ ва 1 бинои маъмурӣ бунёд гардида, барои қонеъ гардонидани ниёзҳои ичтимоии аҳолӣ мусоидат карда аст.
Зимни боздиди гуруҳи кории Кумита ва баргузории мулоқоту вохурӣ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аён гардид, ки аҳли ҷомеа дар роҳи тадбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон бо роҳбарии Раиси ноҳия Аъзам Ализода корҳои шоистаи ибрат ва таҳсинро амалӣ намуда, азми он доранд, ки қаламрави ноҳияро ба як макони ободу ҳамешасабз ва манзили мардуми соҳибтамаддуну ватандӯст табдил диҳанд.
Эътимод бар он дорем, ки татбиқи нақша-чорабинии ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар роҳи пиёдасозии ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат мусоидат намуда, барои сокинони ноҳия шароити хубу зиндагии шоистаи таҳсинро фароҳам хоҳад овард.