Масъулини Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 то 14 июни соли 2025 ҷиҳати омӯзиши рафти амалишавии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ва “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ”, инчунин аз рафти иҷрои корҳои иншоотҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Носири Хусрав ва Ёвони вилоти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.
Ҳамзамон бо мақсади иҷрои банди 67 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
17 январи соли 2025, №1 вобаста ба таъмини иҷрои босифати барномаҳои маҳаллӣ, инчунин таҳия ва қабули барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот машварати дастурдиҳӣ ва таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии онҳо ташкил ва баргузор гардида, бо онҳо тавсияҳои методӣ расонида шуда, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иҷрои иншоотҳои ҷашнӣ боздид намуданд.