Бо мақсади омӯзиш ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ” машғулияти идоравӣ баргузор гардид. Мудири шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумита Ҳайётов Н.Г. муҳтавои қонуни мазкурро шарҳ дода, аз ҷумла зикри он дошт, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, тартиби гардиш ва истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин таъсис ва истифодаи имзои электрониро дар раванди ташаккул ва истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ муқаррар менамояд, аз 8 боб ва 38 модда иборат буда, 15 марти соли 2023, таҳти №1965 тасдиқ гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд, аз ҷумла ҳуҷҷати электронӣ - маълумоте, ки дар шакли электронӣ пешниҳод шудааст, шакли электронӣ - маҷмуи технологияҳое, ки барои омода кардан, қабул намудан ва табодули маълумот бо истифода аз имзои электронӣ, низоми иттилоотӣ - низоме, ки иштирокчиёни он бо истифода аз имзои электронӣ мубодилаи маълумотро дар шакли электронӣ амалӣ менамоянд, иштирокчиёни низоми иттилоотӣ - шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, ки ҳангоми татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ аз имзои электронӣ истифода мебаранд, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ - таҳия, истифода, нигоҳдорӣ ва мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ амалӣ карда мешаванд ва дар ин моддаи боз чанд мафҳуми асосии қонун зикр гардидааст.
Дар моддаи дуюми қонун омадааст, қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ ба конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. Ҳамин тавр ба самъи кормандон муҳтавои бобҳои дигари қонун, ки назорати давлатӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзои электронӣ, шартҳои гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, шартҳои истифодаи имзои электронӣ, имзои электронии ҳифзшуда, маркази тасдиқкунанда, эътироф намудани сертификати хориҷии калиди имзои электронӣ ва муқаррароти хотимавӣ бахшида шудааст расонида шуд.
Машғулияти идоравии мазкур барои омодагии кормандон ҷиҳати гузариш ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ баргузор гардид ва бояд тазаккур дод, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои омӯзишӣ пайваста амалӣ мегардад.