Бо мақсади таҳлили рафти иҷрои дастуру супоришьои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи ҳафта 2 июни соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки муовини якуми раиси Кумита Муминзод К.Р., сардорони раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А., ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А. сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Ҳайётов Н.Г. ва кормандони Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гирдад.
Сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А. аз натиҷаи корҳои дар ҳафтаи сипаригардида иҷрошуда ва бардошти худ аз сафари хизматияш ба Ҷумҳурии мардумии Чин маълумот дод ва таҷрибаи омӯхтаашро дар самти рушди маҳал, коркарди маҳсулот, ва дигар самти фаъолият дар Ҷумҳурии мардумии Чин судманд арзёбӣ кард. Баъдан сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураьимзода Ф.А. ва сардори шуъбаи умуӣ, кардрҳо ва корҳои махсус аз натиҷаи фаъолият дар ҳафтаи сипаригардида маълумот доданд ва иҷрои масъалаҳои зерин муҳим маҳсуб гардид:
Оид ба масъалаҳои баррасигардида супоришҳои протоколӣ ба тавсиб расид ва иловатан ба ин кормандони Кумита вазифадор гардиданд, ки дар баргузории чорабиниҳо иди Қурбон ба зиёдаравӣ роҳ надода, талаботи муҷарранамудаи қонунро риоя ва маҳали зист мавриди тарғиб ва иҷро қарор диҳанд.