Дар заминаи баргузории Конференсияи илмии байналмилалии “Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи устувори захираҳои обии Осиёи марказӣ” бахшида ба “Соли 2025-соли ҳифзи пиряхҳо” раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода бо Ҷаноби Бенямин Кабикира муовини вазири ҳукумати маҳал ва корҳои давлатии Ҷумҳурии Зимбабве мулоқот намуд.
Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода баргузории мулоқотро иқдоми хуб дар роҳи густариши муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Зимбабве, ки аз сиёсати оқилонаи сарони ду давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Ҷаноби Эмерсон Мнангагва сарчашма мегирад, арзишманд донист ва аз фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар самти идоракунии рушди маҳал, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал, мушаххасгардонии вазифаю ваколатҳои байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмўии рушди иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои марзию маъмуриро татбиқ менамояд, маълумоти мухтасар манзур намуд.
Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ёдрас намуд, ки 10 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бо муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Ҷаноби Константино Чивенгаро баргузор гадид ва ҷонибҳо зимни вохӯрӣ омодагии кишваҳоро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои гуногунҷабҳа, аз ҷумла рушди иқтисод ва тиҷорат, технология, тақвияти ҳамкориҳои димломатӣ, коркарди маводи хом ва ресурсҳо баён доштанд. Бо эътимод метавон зикр намуд, ки иҷрои ин амал метавонад барои сокинони ду давлат дар роҳи пиёдасозии ҳадафу нақшаҳои ҳамкорӣ заминаҳои мусоидро фароҳам оварад.
Ҷаноби Бенямин Кабикира барои даъват барои иштирок дар Конференсияи илмии байналмилалии “Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи устувори захираҳои обии Осиёи марказӣ” бахшида ба “Соли 2025-соли ҳифзи пиряхҳо” ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раӣмон изҳори сипосу эҳтиром намуда, зикри он дошт, ки доираи фаъолияти вазарати ҳукумати маҳал ва корҳои давлатии Ҷумҳурии Зимбабве бо фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон монанди дошта, омӯзиши таҷрибаи корӣ ва дастовардҳо барои пешрафти фаъолият ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми ду кишвар метавонад саҳмгузор бошад.
Мавсуф андешаҳои худро доир ба рушди маҳал, таъмини инфрасохтори зарурӣ дар деҳот, судманд ба роҳ мондани корҳои сохтмонию меъморӣ, пешгирии ҳодисаҳои таббии дар маҳал , кор бо ҷомеа, ҳокимияти маҳал, барномасозӣ ва ҳимояи муҳити зист баён намуда, пас аз огоҳӣ аз фаъолияти Кумита дар ин самт татбиқи онро дар фаъолият ба манфиати кор донист.
Дар иктифои мулоқот раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода барои баёни андеша ва суҳбати судманд ба ҷаноби Бенямин Кабикира ва ҳайати ҳамроҳонаш изҳори эҳтиром намуда, эътимод бар он намуд, ки мо минбаъд низ барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва омӯзиши таҷрибаи якдигар муносибатҳои ҳамкориро беҳтару хубтар ба роҳ монда, ба натиҷаҳои нек мушарраф хоҳем гашт.