Санаи 26 майи соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки муовини якуми раиси Кумита Муминзод К.Р., сардорони раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А., ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А. сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Ҳайётов Н.Г. ва кормандони Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гирдад.
Дар кори ҷаласа дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи иҷро ва таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи ҳафта мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А., сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А. ва сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат аз натиҷаи корҳои дар ҳафтаи сипаригардида иҷро шуда маълумот доданд ва иҷрои масъалаҳои зерин муҳим маҳсуб гардид:
Омӯзиши вазъи таъмини ҷамоатҳо бо биноҳои маъмурӣ ва ҷамоати навтаъсис, иҷрои банди 19-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №213 “Дар бораи Нақшаи чорабини оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025”, иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2024, №41373 (24-4) “Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Дашти Ҳаштсари ноҳияи Айнӣ ва номгузорӣ намудани деҳаи навбунёд ба Ваҳдатобод”, таъмини нақшаи чорабиниҳои “Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаи Ҳайати мушовара, нақшаи кории солона, нимсола, ҳафтаинаи Кумита ва протоколҳои машваратии назди Раиси Кумита
Бо мақсади иҷрои дастуру споришҳои зикршуда супоришҳои протоколӣ ба тасвиб расида, дастраси масъулон гардид.