Дар толори маҷлисгоҳи Кумита бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва мушовири калони бахши ёрдамчӣ Ҳамидиён Орзу Зубайдулло бо кормандон мулоқот дар мавзӯи тақвияти корҳо дар самти таъмини фазои ороми иттилоотӣ, пойдории сулҳу устувории ваҳдати миллӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ, таъмини нақшаи чорабинҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ баргузор гардид.
Пас аз сухани ифтитоҳии Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ доир ба масъалаҳои болозикр суханронӣ намуда, андешаҳои худро доир ба муҳимияти таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ баргузории сӯҳбату вохӯриҳо ва гузаронидани корҳои таблиғотӣ бо усули “деҳа ба деҳа”, “маҳалла ба маҳалла”, “мактаб ба мактаб” баён намуда, даъват бар он дошт, ки кормандони Кумита бояд барои рушди маҳал ва таъмини нақшаи ҷашнии бунёди иншоотҳо ва дигар масъалаҳои ҳалталаби дар минтақа мавҷуд буда, бояд бештар масъулиятшинос бошанд ва ҳамкориро бо мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ хубтар ва судманд ба роҳ монанд.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби кормандони Кумита ҳар семоҳа раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳамчунин тибқи супориши Пешвои миллат вазъи муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, саноат, сохтмон, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳолати биноҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, маълумотнома барои ислоҳи камбудиҳо ва андешидани чораҳои амалӣ ба вазорату идораҳо, роҳбарони гурӯҳҳои кории ҷашни 35-солагии Истқлоли давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ирсол менамояд.
Кумита ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараро оид ба омӯзиши вазъи иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳоро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Ҳисор, Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Ашт, Ҷаллолидини Балхӣ, Файзобод, Турсунзода, рафти татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”-ро дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Истаравшан, Исфара, Хоруғ, Рашт, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Турсунзода, Ёвон, Хуросон, Шуғнон, Лахш, Шаҳритус, Қубодиён, ва Тоҷикобод зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо баргузор намудани семинарҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.