“Вазъи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар шароити рушди равандҳои инноватсионӣ” таҳти ҳамин унвон имрӯз бо ибтикори маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи…
“Вазъи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар шароити рушди равандҳои инноватсионӣ” таҳти ҳамин унвон имрӯз бо ибтикори маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир карда шуд.
Дар кори ин нишаст намояндагон аз Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, директорони китобхонаҳои вилоятии Хатлон Суғд ва Бадахшон, муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар самти фарҳанг ва иттилоот, мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок ба назару андешаҳои худро иброз намуданд.
Нахуст директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода доир ба фаъолияти китобхонаҳои кишвар вазъ ва дурнамои соҳаи китобдорӣ, норасоии кадрҳои ихтисоснок ҳарф зада, ҳозиринро бо ҳадаф ва мақсади баргузории мизи гирд ошно намуд.