Баъд аз зуҳри имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати меҳмонони зиёд аз вазорату идораҳо, мактабҳои оливу миёна, рӯзноманигорон бахшида 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб ҳамоиши расмӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Ҳамоиши мазкур мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ, аҳли фарҳанг, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва китобдӯстони кишвар иштирок намуданд.
Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш директори Китобхонаи миллӣ доктори илми педагогика, профессор Лутфия Абдулхолиқзода бо сухани муқаддимотӣ суханронӣ кард. Лутфия Абдулхолиқзода иброз дошт, ки Рӯзи китоб таърихи хоси худро дорад. Ин ҷашн барои мардуми мо таҳмил нашудааст ва ҳосили раванди ҷаҳонишавӣ низ нест. Ин ҷашни миллӣ аст ва ташаббускори он низ фарзанди накукору накуноми миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Маҳз бо пешниҳои Пешвои миллат 4 – уми сентябри соли 2007 – рӯзи санги асос гузоштан ба бунёди бинои имрӯзаи Китобхонаи миллӣ, ин рӯз аз ҷониби қонунгузорон ва аҳли фазлу хирад ҳамчун Рӯзи китоб қабул карда шуд.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бузурги таърихӣ буда, маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ барои эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди илму фарҳанг, ҳифзи мероси маънавӣ ва таҳкими мақоми китобу китобдорӣ дар ҷомеа имкониятҳои бесобиқа фароҳам омаданд.
Директори Китобхонаи миллӣ зикр намуд, ки «Китобхона танҳо макони нигоҳдории китоб нест. Китобхона макони андеша, дониш, ҷустуҷӯ ва худшиносист. Дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши фазои маҷозӣ, рисолати китоб ва китобхона боз ҳам муҳимтар мегардад. Технология метавонад роҳи расидан ба донишро осон намояд, аммо муҳтавои дониш, андешаи созанда ва фарҳанги мутолиаро китоб ба инсон меомӯзонад.»
Лутфия Абдулхолиқзода ҳамчунин таъкид намуд, ки мо бояд муҳаббат ба китобхониро дар оила ташаккул диҳем. Кӯдаке, ки аз хурдӣ бо китоб дӯст мешавад, ба маърифат, андешаи мустақил ва ҷаҳонбинии васеъ роҳ меёбад. Ҷавоне, ки китоб мехонад, метавонад дар баробари донишҳои касбӣ, арзишҳои ахлоқиву маънавии худро низ ташаккул диҳад.
Китоб дар таърихи тамаддуни тоҷикон ҳамеша ҷойгоҳи хосса дошта, маҳз тавассути китоб ва осори хаттӣ забон, таърих, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва ҳувийяти миллии халқ аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Имрӯз низ китоб ҳамчун сарчашмаи дониш, маърифат, худшиносӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии солими инсон аҳаммияти бузург дорад.
Дар хотима директори Китобхонаи миллӣ аз иқдомоти ахир дар Муассиса ёдовар шуд ва иброз дошт, ки кормандони Китобхонаи миллӣ дар роҳи ҷалби аҳолӣ ба китобу китобхонӣ ва густариши фарҳанги мутолеа чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ баргузор намуда, танҳо дар ду моҳи охир беш аз 70 маҳфили фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ баргузор карданд, ки ҳадафи аслии онҳо дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҷалби аҳолӣ ба китобхонию китобхона мебошад.
Бовар дорем, ки аҳли китобу фарҳанги кишвар барои густариши афкори маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат корҳои мондагори фарзандона анҷом дода, дар раванди густариши фарҳанги миллӣ нақши созанда мегузоранд.
Дар идомаи ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб самимона табрик намуд. Ӯ дар суханронии худ ба гузаштаи пурбори фарҳангӣ ва илмии миллат ишора намуд ва гуфт, ки таърихи пурғановати китобдории тоҷик бо номи бузургони илму адаб, аз ҷумла Зардушт, Куруши бузург, бузургоне чун устод Рӯдакӣ, Ҳаким Майсарӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигар фарзандони фарзонаи миллат пайванди ногусастанӣ дорад. Осори онҳо то имрӯз барои наслҳои башар ҳамчун сарчашмаи дониш, хирад ва маърифати инсонӣ хизмат мекунад.
Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки китоб инсонро ба ҷаҳони андеша ва хираду ташаккули шахсияти комил раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, рушди фарҳанги китобхонӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиа ва тарғиби китоб вазифаи муҳими ҳар як оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа мебошад
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Китобхонаи миллӣ ба унвони як дастоварди бузурги даврони Истиқлол ёд кард ва онро як таҳаввули бузург дар соҳаи китобдории миллат арзёбӣ намуд. Ӯ фармуд: Хушбахтона, дар кишвари мо ба рушди фарҳанги китобхонӣ, нашри асарҳои арзишманд ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Бунёду навсозии китобхонаҳо, баргузор намудани озмунҳои китобхонӣ ва маҳофилу нишастҳои фарҳангӣ барои тарғиби китобу китобхонӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими давлату ҳукумат, ба хусус Пешвои муаззами миллат дар ин самт мебошанд.
Сиёсати фарҳангпарварона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди китобдорӣ ва китобхонӣ такони ҷиддӣ бахшида, имрӯз китобхонаҳо ба марказҳои муҳими илмию фарҳангӣ ва маърифатии ҷомеа табдил ёфтаанд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин бо сухани табрикӣ ва арзёбии ташаббусҳо ва иқдомоти созандаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм, намояндаи вазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонАбдуфаттоҳ Аминзода баромад карданд.
Таъкид гардид, ки китоб яке аз муҳимтарин василаҳои ҳифзи хотираи таърихӣ ва пайванди наслҳо ба шумор рафта, рушди фарҳанги китобхонӣ бояд ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати фарҳангӣ ва маърифатии ҷомеа идома ёбад. Маориф ва китоб дар як робитаи ногусастанӣ қарор дошта, бе китобхонӣ рушди маънавӣ ва зеҳнии ҷомеаро тасаввур кардан душвор аст. Аз ин рӯ, ҷалби хонандагону донишҷӯён ба мутолиаи китоб, тарғиби асарҳои арзишманди миллӣ ва ҷаҳонӣ ва ташаккули фарҳанги китобхонӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад.