Меню

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ оғоз намуда, тадриҷан такмил дода шуд.

Нахуст, бо Фармони Президенти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1991, № УП-12 Комитети давлатии республикавии РСС Тоҷикистон оид ба идораи молу мулки давлатӣ таъсис дода шуд.

Бо Фармони Президенти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1991, № УП-14 якумин раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба идораи молу мулки давлатӣ Каримов Исматулло Ҳомидович таъин гардид.

Бо Қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1991, №250 якумин Низомномаи Кумитаи амволи давлатии ҶШС Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Тибқи Низомномаи мазкур дар он давра Кумита ҳамчун мақоми ҷумҳурии идоракунии давлатӣ, ба ҷараёни ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият дар ҶШС Тоҷикистон, ки заминаи ҳатмии гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ҳавасмандкунии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, роҳбарии методологию амалиро анҷом дода, дар фаъолияти худ ба Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон итоат менамуд.

Вазифаҳои асосии Кумита, ташкил ва гузарондани ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, хурдкунии истеҳсолоти мавҷудаи монополӣ, барӯйхатгирӣ ва арзёбии амволи давлатӣ, ташаккул додани моликияти ҷумҳурӣ ва моликияти Шӯроҳои депутатҳои халқ (моликияти коммуналӣ) дар асоси моликияти давлатии ҶШС Тоҷикистон, иштирок намудан дар ташаккулдиҳии моликияти умумииттифокӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои амволӣ ва манфиатҳои ҷумҳурият дар мақомоти иттифоқӣ ва хориҷаро дар бар мегирифт.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30-юми ноябри соли 2006 №9 Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, дар заминаи он Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Тибқи Фармони мазкур ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба ҷалби инвеститсияҳои собиқ Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба дастгирии соҳибкории собиқ Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2006, №590 Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идора ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Мутобиқи Низомномаи мазкур Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи сармоягузорӣ тадбирҳои мақсаднок оид ба ҷалб, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна, идораи амволи давлатӣ, роҳбарӣ ва амалӣ намудани раванди ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, манфиати давлатро ҳамчун соҳибмулк намояндагӣ мекунад, фаъолиятро оид ба иҷрои барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ анҷом медиҳад.

Суроға Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
Телефон Шуъбаи умумӣ:: +992 (37) 221-57-29
Факс +992 (37) 221-57-29
E-mail info@investcom.tj
Реҷаи корӣ Душанбе-ҷумъа: аз 08:00 то 17:00
  Шанбе, якшанбе - рӯзҳои истироҳат
1
Пресс центр
Маросими баимзорасонии созишномаҳои сармоягузорӣМаросими баимзорасонии созишномаҳои сармоягузорӣ
Вохурӣ бо роҳбарият ва намояндагони «Газпром Медиа Холдинг»Вохурӣ бо роҳбарият ва намояндагони «Газпром Медиа Холдинг»
Ҷаласа оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”Ҷаласа оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Вохӯрӣ бо намояндагони ширкати Mega Fortis GroupВохӯрӣ бо намояндагони ширкати Mega Fortis Group
Мулоқот бо раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал ХолдингМулоқот бо раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг
Направления
Сармоягузорӣ
Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
Моликияти давлатӣ
Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
Қонунгузорӣ дар самти соҳибкорӣ
Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
Соҳибкорӣ
Қонунгузорӣ
Хизматрасониҳои давлатӣ
Полезные ссылки
Шуъбаи молия ва хоҷагӣ
Раёсати танзими низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо
Раёсати котибот
Раёсати ҳуқуқ
Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
Сарраёсати сармоягузорӣ
Раёсати дастгирии соҳибкорӣ
Раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатӣ
Раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатӣ
Документы
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
2026-04-08T16:08:00Z
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сармоягузорӣ
2024-08-01T15:29:00Z
Қарор Дар бораи Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
2024-08-01T16:30:00Z
Вакансии
Календарь событий
2024-05-22
Конгресс ва Намоишгоҳи “Aзот Синтезгази Россия ва ИДМ”
2024-06-24
Meeting with the delegation of the Trade Council US-Tajikistan
2024-07-10
Баргузории ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Услуги
Слайды
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон
АМИТ «Ховар»
АМИТ «Ховар»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Страницы
Фаъолият
Маркази матбуотӣ
Санадҳо
Дар бораи Кумита
Тамос
Нома ба мақомот
Хизматрасониҳои давлатӣ
Реализуемые проекты
Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии "Сиёма молл"
Корхонаи маъдантозакунии ҶСП «ТАЛКО Голд» дар ноҳияи Айнӣ
Социальные медиа
Меню подвал
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест»
Муассисаи Давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон"