Дар тадорукоти “Рӯзи китоб дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷрияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хонандаи Китобхонаи миллӣ” баргузор гардид. дар ин маросим ғолибон дар номитансияҳои гуногун эълон шуданд ва диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҷойи аввалро дар миёни хонандагон Холмирзозода Марҷона Беҳрӯз, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Норак ва дар миёни намояндагони муассисаҳои илмӣ-таълимӣ Сафарзода Моҳпочо Рустамхон, докторанти (PhD)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соҳиб гардиданд.
Ҷойи дуюмро Мирзозода Нозия Қиёмиддин, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Фирдавсӣ, ва Наврӯзалиев Музрем, докторанти (PhD)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовор шуданд.
Ҳалимзода Марям Саъдулло, хонандаи синфи 7-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи инноватсионии Душанбе»-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Шарипов Комрон Идиевич, ходими илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чун ғолибони ҷойи сеюм эълон гардиданд.
Бо дар назардошти таваҷҷуҳи пайваста ба китобу мутолиа, ташрифи мунтазам ба Китобхонаи миллӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои китобию иттилоотӣ ва фаъолнокии онҳо дар самти рушди фарҳанги китобхонӣ, шахсони зерин бо Ифтихорномаи Китобхонаи миллӣ сарфароз гардиданд:
Ба ҳамин мазмун барои иштироки фаъол дар мутолиаи китоб, зоҳир намудани завқи баланди китобхонӣ истифодаи захираҳои китобу иттилоот ва муносибати босалоҳият ба донишандузӣ шахсони зерин бо Сипоснома сарфароз гардиданд.
1 Дурахшон Шеров
2 Шоҳрухов Ворис Комилович
3 Темирзода Бахтовар
4 Тоирзода Исмоил
Чанд тан аз кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи милӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Инҳо:
Раҷабзода Салима Савет – муовини аввали директор
Ҳамаи нафаронеро, ки дар ин рӯзи хуҷаста сазовори ифтихорномаву сипосномаҳо шуданд самимонаа муборакбод мекунем.