Баъд аз зуҳри 6 – уми октябри соли 2026 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сонг Шик ба Муассисаи давлати и “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ҷаноби Ҷон Сонг Шикро котиби сеюм хонум Мун Судҷин ва муҳаққиқи Сафорати мазкур Ҷон Инби ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ мавриди истиқболи гарм қарор гирифтанд ва сипас дар толори пазироӣ мулоқоти директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сонг Шик баргузор шуд.
Директори Китобхонаи миллӣ меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфт ва доир ба таърих ва фаъолияти имрӯзаи Китобхонаи миллӣ маълумоти муфассал дод. Лутфия Абдулхолиқзода ҳамчунин атрофи ҳамкориҳои Китобхонаи миллӣ бо дигар китобхонаҳои машҳури кишварҳои хориҷӣ сухан ронда, иброз дошт, ки айни ҳол муассиса бо 17 кишвари хориҷӣ 29 санади ҳамкориро дар соҳаи китобдорӣ ба имзо расонидааст. Директори Китобхонаи миллӣ хостори таҳкими робитаҳои фарҳангӣ дар самтҳои гуногуни китобдорӣ, бозомӯзии кормандон, табодули таҷриаву китобҳо миёни китобхонаҳои Ҷумҳурии Корея ва Тоҷикистон шуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сонг Шик аз пазироии гарми роҳбарияти Китобхонаи миллӣ изҳори сипос намуда, дар бораи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ибрози андеша намуд. Дар идомаи суҳбат сафир таъкид кард, ки Ҷумҳурии Корея ба рушди робитаҳои фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ӯ изҳор дошт, ки густариши ҳамкориҳо миёни китобхонаҳои ду кишвар, табодули таҷрибаи кормандони соҳаи китобдорӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва ба роҳ мондани робитаҳои касбӣ метавонад дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷониба саҳми назаррас гузорад.
Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ аз ҷониби Китобхонаи миллӣ пешниҳод шуд, ки Маркази технологияҳои рақамӣ ва лабораторияи рақамикунонӣ дар Китобхонаи миллӣ бо истифода аз таҷриба ва технологияҳои муосири Корея таъсис дода шавад. Дуюм, барномаҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси кормандони Китобхонаи миллӣ дар самтҳои китобхонашиносии рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ҳифзи мероси хаттӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ роҳандозӣ шавад. Ва сеюм, табодули таҷриба ва сафарҳои омӯзишии мутахассисони Китобхонаи миллӣ ба китобхонаҳои Ҷумҳурии Корея ба роҳ ӣмонда шавад.
Дар мулоқот ҳамчунин дар мавриди дастгирӣ ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Корея дар роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои муштарак бо Агентии байналмилалии ҳамкориҳои Корея (KOICA) ҷиҳати татбиқи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо сухан рафт.
Дар поёни мулоқот ду ҷониб ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, сипас меҳмонон Гӯшаи фарҳангии Корея дар Китобхонаи миллӣ дидан карданд.