Имрӯз(11.03.2026) дар доираи таҷлил аз Рӯзи матбуоти тоҷик дар чорабинии тантанави як зумра рӯзноманигорон ва қаламкашони маъруфи кишвар бо ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Сарфароз шудани директори Муассисаи давлатии…
Имрӯз(11.03.2026) дар доираи таҷлил аз Рӯзи матбуоти тоҷик дар чорабинии тантанави як зумра рӯзноманигорон ва қаламкашони маъруфи кишвар бо ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Сарфароз шудани директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ба Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро самимона муборакбод мегӯем.
Устод Ҷумахон Файзализода на танҳо як профессори соҳаи равоншиносӣ мебошанд, балки аз ҷумлаи қаламкашоне низ ҳастанд, ки солҳои сол барои шинохтатарин нашрияҳои кишвар мақолаҳои ҷолиби таҳлилӣ менависанд ва дар таблиғи сиёсати фарҳангиву маърифатии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми сазовор мегиранд.