Оби тоза ва дастрасӣ ба он яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим ва калидии асри XXI ба шумор меравад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои бузурги экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва норасоии оби ошомиданӣ рӯбарӯ аст. Дар ин раванди ҳассоси тарихию геополитикӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускори асосии ҳалли масъалаҳои марбут ба об эътироф шудааст. Ин мақом на танҳо ба сарватҳои бойи табиии кишвар, балки ба сиёсати дурбин ва ташаббусҳои созандаи дипломатияи обии он вобаста мебошад.
Тоҷикистон аз назари захираҳои обӣ яке аз бойтарин мамлакатҳои ҷаҳон аст. Тақрибан 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон шакл мегиранд. Кишвари мо дорои ҳазорҳо рӯдхонаҳои хурду бузург, кулҳои пайдоишашон гуногун ва пиряхҳои азимест, ки на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа манбаи асосии ҳаёт ба шумор мераванд. Бо дарки ин масъулияти бузурги табиӣ ва ҷуғрофӣ, Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи обро аз доираи манфиатҳои милливу минтақавӣ берун бароварда, онро ба як мавзӯи глобалӣ табдил дод.
Аввалин ташаббуси бузурги Тоҷикистон дар соҳаи об соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардид. Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад. Ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хушнудӣ қабул гардид ва заминаи аввалини эътирофи Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар соҳаи об шуд. Маҳз ҳамин иқдом таваҷҷуҳи аҳли башарро ба мушкилоти норасоии оби тоза ва ҳифзи манбаъҳои он ҷалб намуд.
Муваффақияти ташаббуси аввал замина гузошт, ки Тоҷикистон пешниҳодҳои навбатии худро ба миён гузорад. Иқдоми навбатии стратегӣ эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» буд. Ин даҳсола барои кишварҳои мухталифи ҷаҳон имкон дод, ки барномаҳои мушаххаси таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданиро амалӣ созанд ва сатҳи камбизоатиро коҳиш диҳанд. Дар доираи ин даҳсола миллионҳо нафар одамон дар саросари ҷаҳон ба оби тоза ва шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Баъдан, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ҳалли мушкилоти об, бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардид. Ин ташаббус исбот намуд, ки мушкилоти обро ҳеҷ як кишвар ба танҳоӣ ҳал карда наметавонад ва ягона роҳи наҷот - ин рушди дипломатияи об ва ҳамкории созандаи фаромарзӣ мебошад.
Яке аз муҳимтарин ва дарозмуддаттарин ташаббусҳои Тоҷикистон, ки айни замон дар марҳилаи амалӣ шудан қарор дорад, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Ин қатънома, ки бо ҷонибдории якдилонаи кишварҳои аъзои СММ қабул шуд, мақсад дорад, ки ба рушди устувор ва идораи ҳамаҷонибаи захираҳои об мусоидат кунад. Он унсурҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии обро ба ҳам мепайвандад ва ҷаҳонро ба сӯи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) раҳнамун месозад.
Дар замони муосир, ки тағйирёбии глобалии иқлим шиддат мегирад, масъалаи обшавии пиряхҳо ба як таҳдиди ҷиддӣ табдил ёфтааст. Пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд ва нобудшавии онҳо метавонад ба фалокатҳои бузурги экологӣ ва хушксолӣ оварда расонад. Сарвари давлати Тоҷикистон ин хатарро амиқ дарк намуда, соли 2021 дар нишасти Иттиҳоди об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон карда шавад. Маҷмааи Умумии СММ ин пешниҳоди Тоҷикистонро низ бо қабули қатъномаи махсус ҷонибдорӣ намуд. Мувофиқи ин қатънома, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, ҳар сол 14-уми декабр ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» таҷлил карда мешавад. Инчунин, дар назди СММ Фонди байналмилалии мақсаднок барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд, ки ин як дастоварди таърихии дипломатияи тоҷик мебошад.
Барои амалӣ намудани ин ташаббусҳо, пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ба маркази мулоқотҳо ва конфронсҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба об табдил ёфтааст. Мунтазам баргузор гардидани Конфронсҳои раванди об дар Душанбе нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо ташаббус нишон медиҳад, балки барои муколама ва пайдо кардани роҳҳои амалии ҳалли мушкилот платформаи мусоид фароҳам меорад.
Дар хулоса метавон гуфт, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об собит месозанд, ки кишвари мо зери роҳбарии Пешвои миллат сиёсати башардӯстона ва ояндабинро пеш мебарад. Тоҷикистон бо ин иқдомҳои худ собит намуд, ки об набояд сабаби низоъ ва ихтилофҳо бошад, балки он бояд ҳамчун воситаи муттаҳидӣ, сулҳ, дӯстӣ ва рушди устувори тамоми сокинони сайёра хизмат кунад. Мақоми «Кишвари ташаббускори об» барои Тоҷикистон ифтихори бузург ва ҳамзамон масъулияти вазнин дар назди авлоди ояндаи башарият мебошад.
Сардори Раёсати Саридора
дар вилояти Суғд Равшан Ризозода