Семинар-машварати корӣ бо кормандони телевизиони вилояти Хатлон
Дар доираи Нақшаи кории Саридора бо кормандони телевизиони вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирии ифшои сирри давлатӣ бо ҷалби васеи кормандон семинар-машварати корӣ доир карда шуд. Дар семинари мазкур аз ҷониби кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар мавзӯҳҳои қонунгузории соҳаи сирри давлатӣ маърӯзаҳо ироа карда шуданд.
Зикр гардид, ки дар замони муосир рушди босурати технологияҳои иттилоотӣ, густариши интернет ва афзоиши тавсири шабакаҳои иҷтимоӣ тавсиф мешавад, васоити ахбори омма ба яке аз нерӯҳои асосии ташаккули ҷомеа табдил ёфтааст. ВАО имрӯз на танҳо воситаи интиқоли иттилоот, балки як абзори муҳими таъсиррасонӣ ба шуури ҷамьиятӣ, сиёсати давлатӣ ва суботи иҷтимоӣ мебошад. Дар чунин шароит масъалаи ҳифзи сирри давлатӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад, зеро ҳангоми ифшои сирри давлатӣ дар ВАО он метавонад ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии кишвар зарари ҷиддӣ расонад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҷонибҳо мубодилаи афкор намуданд.