Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии тахкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, санаи 6 октябри соли равон бо иштироки масъулини дахлдори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ВМКБ чорабинии машваратӣ - омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо» ва даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин мақоми низоми махфият» дар соли 2026 баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, қайд дошт, ки бо таваҷҷуҳи хоса ба ин самти муҳими давлатдорӣ ва дастгирии давлату Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар кишвар рушд ёфта, дастгирии ёфтани ташаббусҳои Саридора, махсусан қабул гардидани «Барномаи давлатии тақвими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», қабули қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тартиби додани чубронпули ба шаҳрвандоне, ки корашон ба маьлумоти дорои сирри давлати алокаманд аст» ва ба ин васила бо андозаи 15 фоиз баланд бардоштани маоши кормандони дахлдор ҷиҳати таъмини шароити мусоид баҳри дуруст ба роҳ мондани фаъолият, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи техникии заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.
Чорабиниҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифати фаъолияти хизматӣ, рушд додани дониши соҳавӣ, дарёфт ва ҳавасманд намудани масъулини дахлдор, ки нишондиҳандаҳои хуби корӣ дошта, фаъолияти дуруст босамарро дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд, доир карда шуд.
Лозим ба зикр аст, ки ғолибони зердавраи якум бо сипосномаи Саридора ва иштирокчиёни ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун бо ҷоизаи махсус, ифтихорнома, туҳфаҳои моливу пулӣ ва дигар намуди ҳавасмандиҳо қадрдонӣ карда мешаванд.