Курси сайёри омӯзишӣ – дар мавзӯи “Ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар вилояти Хатлон: камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳали он”
Тибқи нақшаи кории Саридора ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2026” бо иштироки масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар вилояти Хатлон санаи 25 сентябри соли 2026 курси сайёрии омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар вилояти Хатлон: камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳали он” баргузор гардид.
Зикр карда шуд, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории чорабинии болозикр ин баланд бардоштани дониши масъулони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, ҳамзамон ба таваҷҷуҳи ҷиддии онҳо расонидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ифшои сирри давлатӣ ва масъулият мебошад.