Санаи 28 сентябри соли 2026 дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2026-2030” бо иштироки кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойзод Хушбахт вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъули Агентӣ ба иштирокчиён муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионии кишвар, роҳҳои ошкорсозӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат фаҳмонида шуд.
Зикр гардид, ки хавфҳои коррупсионӣ на танҳо дар истифодаи нодурусти маблағҳои давлатӣ ё гирифтани пора, балки дар сӯиистифода аз мансаб, бархӯрди манфиатҳо, истифодаи ваколатҳои хизматӣ ба манфиати шахсӣ, хешутаборӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ низ зоҳир шуда метавонанд.
Дар чорабинӣ инчунин масъалаи таъсири коррупсия ба амнияти ҷомеа баррасӣ гардид. Қайд карда шуд, ки заиф шудани низоми идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ метавонад барои пайдо шудани дигар қонуншиканиҳо ва таҳдидҳои иҷтимоӣ замина фароҳам созад.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як шаҳрвандро тақозо мекунад. Пешгирии коррупсия, риояи қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аз омилҳои муҳими таҳкими субот, амният ва рушди устувори ҷомеа мебошанд.