Роҳи Пурифтихори Истиқлоли Давлатӣ
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳимтарин мафҳум барои инсонҳо истиқлолу озодӣ буда, барои тамоми миллатҳову халқиятҳои тамаддуни башарӣ волотарин арзиш ва ганҷинаи нодир маҳсуб меёбад.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ кишваре бе доштани истиқлол ва ҳифзу гиромӣ доштани он то ба имрӯз рушд накардаву мардуми он осоиштагиро дар замири худ дарёфт накардаанд.
Оғози тамоми рушди давлатдорӣ аз истиқлолият вобастагӣ дорад. Истиқлол дорои мафҳуми мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии ҳар як кишварро дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ таҷассум намуда, истиқлолият – соҳибихтиёрӣ ва озодӣ – халосӣ, раҳоӣ ва наҷотро дар бар мегирад.
Кишвари дорои истиқлолу озодӣ, кишвари муваффақ буда, гомҳои устуворро дар роҳи давлатдорӣ бо ба даст овардани дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ гузошта, шароити арзандаву шоистаро барои сокинонашон муҳайё месозанд. Маҳз соҳибистиқлолӣ ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳар як давлат мусоидат намуда, робитаи онҳоро бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ густурда мегардонад. Давлати соҳибистиқлол соҳиби парчаму нишон, суруди миллӣ, пули миллӣ, конститутсия ва дигар рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки муаррифгарӣ он дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки номаш дар харитаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақилу ягона ҷойгир карда шудааст. Ба ҳолати имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ халқиятҳое низ вуҷуд доранд, ки бо аҳолии беш аз 10 миллиони худ соҳиби давлати муайян нестанд.
Халқи тоҷик бо доштани таърихи беш аз 5 ҳазор солаи худ солҳои зиёде соҳиби давлати ягонаву мустақил набуд. Бо забони худи таърих агар сухан гуем, халқе, ки барои аҳли башар фарҳангу тамаддунро офарид пас аз ҳазорсолаҳо бедавлатӣ ба ташкили давлати мустақилу ягона пардохтанд. Ин ҳам бошад ба ибтидои асри гузашта рост меояд. Яъне шурӯъ аз соли 1924. Фарзонафарзандони бузхурги миллати тоҷик ҷонни ширини хешро дар хатар гузоштанд аммо аз таъсиси давлати мустақилу ягона даст накашиданд. Ҳамин саъю талоши бузурги онҳо буд, ки соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис ёфт. Ҳарчанд, ки дар чунин вазъи ҷомеаи онрӯза таъсис додани давлат кори осоне набуд, аммо то охирин лаҳзаҳо халқи муборизи тоҷик барои ташкили давлати ягонаи хеш истодагарӣ намуданд. Натиҷаи заҳматҳои бузурги онҳо буд, ки соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Акнун миллати дар тули таърих азиятдидаи тоҷик бо ифтихору сарфарозӣ мегуфтанд, ки мо тоҷикем ва аз тоҷикистонем.
Ин ҳама барои ташкили давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон заминаҳои хеле хубе буд. Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС давлатҳои аъзо пайи якдигар истиқлолияти давлатии хешро эълон менамуданд. Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои аъзои он маҳсуб меёфт, баъд аз пароканда гардидани ИҶШС ба эълони истиқлоли давлатии хеш пардохт. Истиқлолият барои миллат ҷавҳари ҳастӣ ва муаррифкунандаи дастовардҳои он мебошад.
9-уми сентябри соли 1991 миллати тоҷик соҳиби давлати соҳибистиқлоли хеш гардиданд. Аммо раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуқтаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад. Аммо ибтидои соҳибистиқлолӣ барои халқи тоҷик хеле вазнин гардид. Дар мамлакат ҷанги таҳмилӣ оғоз гардида, давлат ба нестшавӣ ва миллат ба парокандагӣ омада расид. Дар ин ҷода бояд дарҷ намуд, ки ба даст овардани истиқлолият барои миллати тоҷик хушбахтии бузурге буд, аммо аз нигоҳи дигар бо надоштани лидери сиёсӣ миллат ба вазъияти ногуворе рӯ ба рӯ гардида буд.
Дар чунин вазъияти ногувори таърихӣ фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифт. Аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидан фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунончи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Миллати азиятдидаи тоҷик барои таҳкими истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт конститутсияи мамлакатро қабул кард.
Маҳз бо талошҳои ҷоннисорона ва роҳнамоиҳои бемисли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли давлатӣ пойбарҷо гардид, давлатдории миллӣ рушд ёфт, сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардид ва барои мардум зиндагии шоиставу арзанда муҳайё гардид.
Инак тули 35 сол аст, ки халқи тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат ва истиқлолу озодӣ зиндагонӣ намуда, зери роҳбарии Пешвои хирадманди хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурге ноил гардида, Тоҷикистонро бо пешниҳодоту ташаббусҳои беназир машҳури олам гардонидаанд.
Хулоса, мехоҳам таъкид намоям, ки дар баробари соҳиб гардидани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ вазифаи ҳар яки мо васеъ гардида, ба мо муяссар шуд, ки кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор гузорад. Ҳоло, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари озод эътироф шудааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм бигузорему бо исми миллати худ ифтихор намоем.
Поянда бод, ҷашни Истиқлоли давлатӣ!
Абдулхайр Абдураҳмонзода, сардори
Раёсати ташкили коргузорӣ, назорат
ва кор бо кадрҳо