Семинари машварати омузишӣ дар мавзӯи “Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи онҳо”
Тибқи Нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026” санаҳои 29-30-юми июли соли 2026 бо масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи онҳо” баргузор гардид.
Зикр гардид, ки семинари омӯзишӣ давоми ду рӯз баргузор гардида, дар он аз ҷониби мутахассисони соҳа ба иштирокчиён вобаста ба мавзӯҳои мубрами соҳа дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот машғулиятҳо гузаронида шуд.
Мақсади асосии баргузории семинари мазкур баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, такмили малакаҳои амалии кормандони масъул ва тақвияти тадбирҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар мақомоти давлатӣ, инчунин таъмини иҷрои Барномаи давлатии дар боло зикршуда мебошад.