Боздид аз осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
6 июли соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ кормандони Саридора аз Осорхонаи Пешвои миллат ва Маркази илмӣ-татқиқотии Пешвои миллат, ки дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи милии Тоҷикистон фаъолият менамояд, дидан намуданд.
Зимни боздид, Шарифзода Ҷамолиддин-директори Маркази илмӣ- тадқиқотии Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки Осорхонаи Пешвои миллат бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати кишвар соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар осорхона нигораҳо доир ба давраи таҳсили Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илму маърифат ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд.
Иштирокчиён бо осорҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайкори ватансозиву давлатсозии ин шахсияти мондагори таърих, инчунин, осори муҳаққиқону донишмандон, ки корнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамояд ва дар Осорхонаи мазкур маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд шинос гардиданд.