Ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат – роҳнамои сулҳ ва кафили ояндаи наслҳо
Таҳти ҳамин унвон дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”, ки бо ташаббуси бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд баргузор гардид.
Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ муҳтарам Шералӣ Мирзо оид ба Қатъномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки 25 июни соли 2026 қабул гардид, суханронӣ намуда, қайд карданд, ки тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳими таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Қатънома саҳми давлатҳои узв, роҳбарон ва халқҳоеро, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳои эътимодбахш, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ваҳдати иҷтимоӣ дар таҳкими сулҳ, оштӣ, муколама ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, истиқбол мекунад. Ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили хушбахтии наслҳои башарият ва рушди кишварҳоро бо талошу кӯшиши якҷоя, бо нигоҳ доштани сулҳи пойдор ва арҷгузори бо он дар ҳамаи сатҳҳо-аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ арзёби мегардад.
Дар фарҷоми чорабини сардори Саридора кормандондони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва тамоми мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пазириши ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, барои солҳои 2027-2036”, ки аз обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ ва дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад, табрику таҳният хонда ва барои Тоҷикистони азизамон сулҳу дӯстӣ, ваҳдати сартосарӣ ва иқболи баландро таманно менамоям.