Номаи табрикотии Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба муносибати қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда»
Бо эҳсоси баланди ифтихор ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳамаи сокинони кишварамонро ба муносибати қабули Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда,” самимона табрику шодбош гуфта ва ба кишвари биҳиштосоямон ваҳдату сулҳи абадӣ таманно менамоям.
Зеро бо қабули қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”, ки аз таҷриба ва ташаббуси бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарманша гирифта, бори дигар ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки таҷрибаи сулҳу тоҷикон ибратомӯзи ҷаҳониён мебошад.
Қабули ин қатънома нишонаи эътирофи аҳаммияти сулҳ ҳамчун арзиши олӣ ва пояи асосии рушди устувори инсоният мебошад. Дар замоне ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои гуногун – низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои сиёсӣ, тағйирёбии иқлим, мушкилоти иқтисодӣ ва дигар хатарҳои глобалӣ рӯ ба рӯ гардидааст, муттаҳид намудани саъю талоши давлатҳо барои таҳкими сулҳу субот ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини башарият табдил ёфтааст.
Маҳз дар чунин шароит қабули қатъномаи мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид паёми равшанест, ки ҷомеаи байналмилалӣ сулҳро ҳамчун арзиши бебаҳо, заминаи рушди устувор ва кафили зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзаву оянда эътироф менамояд.
Барои мардуми Тоҷикистон сулҳ танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест. Сулҳ таҷрибаи зиндагӣ, сабақи таърих ва асоси ҳастии давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Халқи тоҷик арзиши сулҳу оромиро бо тамоми вуҷуди худ эҳсос намудааст ва хуб медонад, ки танҳо дар фазои амният ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон давлатро обод, иқтисодиётро пешрафта, илму маорифро рушдёфта ва зиндагии мардумро шоиста гардонид.
Дар солҳои истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пурифтихори бунёди давлатдории навинро тай намуда, ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати сулҳхоҳ, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон мавқеи арзанда касб кардааст.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи эҳтироми принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, баробарҳуқуқии давлатҳо, дахлнопазирии соҳибихтиёрӣ, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон амалӣ мегардад. Маҳз ҳамин сиёсати сулҳпарварона боис гардидааст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар пешбурди масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ эътироф шавад.
Имрӯз Тоҷикистон дар баробари рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба масъалаҳои таҳкими сулҳ, амният, мубориза бо таҳдидҳои муосир, ҳифзи захираҳои табиӣ ва рушди устувор диққати аввалиндараҷа медиҳад. Мо бар он боварем, ки танҳо тавассути ҳамкории созанда ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар метавон ба сулҳи пойдор ва рушди ҳамаҷониба ноил гардид.
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ҳамаи давлатҳоро ба ҳамкории боз ҳам фаъолтар, таҳкими эътимоди мутақобила, рушди дипломатияи сулҳ, пешгирии ихтилофҳо ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо даъват менамояд.
Ин санади муҳими байналмилалӣ аҳаммияти густариши фарҳанги сулҳро дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила то ҷомеаи ҷаҳонӣ – таъкид намуда, масъулияти муштараки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро барои ҳифзи сулҳу амнияти ҷаҳонӣ боз ҳам бештар менамояд.
Бори дигар тамоми мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пазириши ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, барои солҳои 2027-2036”, ки аз обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ ва дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад, табрику таҳният хонда ва барои Тоҷикистони азизамон сулҳу дӯстӣ, ваҳдати сартосарӣ ва иқболи баландро таманно менамоям.