Арҷгузорӣ ба хотираи ҷовидонаи қаҳрамонон
Бо мақсади гиромидошти хотираи неки фарзандони содиқу ҷоннисори миллат қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барчастаи таърихию фарҳангии миллат Нисор Муҳаммад роҳбарият ва кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Дар ҷараёни боздид роҳбарият ва кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ аз оромгоҳҳои шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии миллат дидан намуда, ба нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи онҳо дар назди оромгоҳҳо гул гузоштанд ва бо қироати дуои хайр хотираи неки онҳоро пос доштанд.
Воқеъан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи Ватан мавриди омӯзиш ва қадршиносии шоиста қарор гирифта, ном ва корномаи онҳо ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқату фидокорӣ ба давлату миллат гиромӣ дошта мешавад.