ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ АСР- НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН
Бунёди неругоҳи “Роғун” ҳамчун иншооти тақдирсоз натиҷаи орзуву омоли нек, азму иродаи қавӣ, дастгириву пуштибонии самимӣ ва саҳми ватандӯстонаи халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 11 июли соли равон дар ҳошияи ҷашни 28- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, тибқи нақша – чорабиниҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Саридора аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” дидан намуданд.
Боздиди роҳбарият ва кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иқдоми сардори Саридора Шералӣ Мирзо роҳандозӣ гардида, ҳайати сафарбаргардидаро роҳбарияти Ҷамъият истиқбол гирифта, кормандон аз хизмати шабонарӯзии ин родмардони Ватан дар объекти муҳими стратегии давлат аз наздик шинос гардиданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз рӯйи иқтидор бузургтарин Неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Миёна буда, сарбанди он бо баландии 335 метр дар дунё баландтарин сарбанд маҳсуб меёбад. Ин баландӣ танҳо баландии Сарбанд нест, ин баландии дастовардҳои Истиқлолияти давлатии мо, баландии ниҳоди миллати некӯманиш ва хайрхоҳу заҳматдӯсти мост.
Бо гузашти рӯзҳову солҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол, ин Ватани азизу биҳиштосо таҳти роҳнамоиву сарварии Пешвои муаззами миллат, фарзонафарзанди адолатхоҳу хирадпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор ва шӯҳрати ҷаҳонӣ касб мекунад. Ташаббус, дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат дар ин сохтмони азим ҳамеша ба бинокорон рӯҳбаландӣ ва бовару нерӯ мебахшад.
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳ шиносоӣ пайдо карда, таасуроти хотирмон гирифтанд.