НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025
Зери роҳбарии сардори Саридора - Шералӣ Мирзо санаи 7 июли соли 2025 дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбаст ва натиҷагирии фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласа сардори Саридора – раиси Ҳайати мушовараи Саридора ҳисоботҳои муовини якум ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти ҳудудии Саридораро шунида, фаъолияти онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Қайд карда шуд, ки фаъолияти Саридора дар нимсолаи якуми соли 2025 дар доираи амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳайати мушовара ва нақшаи кори Саридора ба роҳ монда шуда, бо натиҷагирӣ ва такя ба таҳлилҳои ҷойдошта фаъолияти Саридора дар нимсолаи якуми соли 2025 бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст гардид.
Дар фарҷом сардори Саридора Шералӣ Мирзо баҳри тақвияти фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дурнамои соҳаро муайян ва супоришҳои мушаххасро баён доштанд.