Санаи 26 июни соли равон дар толори дастгоҳи марказии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Нахуст, дар кори ҷаласа сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо аз ҷониби муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Шарифзода Фирӯз Бобоназар ироа гардид. Роҳбарияти Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ҳайти шахсиро бо фарорасии ҷашни фархундаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола санаи 27-уми июн ботантана таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфта, осмони мусаффо, рӯзгори пурбаракат ва тансиҳативу комёбӣ ва дар иҷрои рисолати хизматӣ бурдбориҳо таманно намуданд.
Сипас, аз ҷониби кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ маърӯзаҳо пешниҳод ва дарҷ гардид, ки
ин санаи муътабару таърихӣ бо тамоми хусусиятҳои муттаҳидкунандааш, ҳамосаи ҷовидонаи давлатдории навину миллии тоҷикон буда, бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ба муноқишаҳои таҳмилӣ хотима бахшида, сулҳу амниятро устувор ва кишварро ба марҳалаи нави рушд раҳнамун сохтанд.
Имрӯз бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат мо дар ҳама самтҳои фаъолияти давлатдории миллӣ пешрафту тараққиёти беназир дорем, ки худ дастоварди амиқи Ваҳдати миллӣ мебошад.
Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои арзишманди таърих аст, ки дар назарияи ҷаҳонии низоъшиносӣ намунаи барҷастаи сулҳофарӣ дониста шудааст.
Тавре аз саҳифаҳои таърих барои мо маълум аст, расидан ба ваҳдати миллӣ кори саҳл набуд, балки муколама, музокира ва мусолиҳату мувофиқатҳои ҷиддӣ дар чандин кишварҳои ҷаҳон доир гаштаву ҳайати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Президенти муҳтарами кишварамон ҷонфидокорона ин рисолати ҳассосу созандаро анҷом доданд.
Ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои тақдирсоз хуш истиқбол кард.
Мусаллам аст, ки шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки дар он хатарҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва табиӣ рӯз то рӯз густариш меёбанд, ҳифзи Ватан ва таъмини амнияти давлату миллат аҳамияти торафт азиму арзишманд касб карда истодааст.
Маҳз дар ин марҳала мо – мардуми сарбаланди тоҷикро мебояд, ки бо шукргузорӣ атрофи Пешвои муаззами миллат боз ҳам муттаҳидтар бошем. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардем ва дар расидан ба ҳадафҳои гузошташуда саҳми арзанда гузорем.