Кормандони Институти ҳифзи растаниҳои АИКТ дар якҷояги бо олимони Донишгоҳи аграрӣ барои гузаронидани мушоҳидаҳои илмӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари кори доштанд. Дар рафти корхои илмию тадқиқоти дар заминҳои кишти картошка, пиёз ва…
Кормандони Институти ҳифзи растаниҳои АИКТ дар якҷояги бо олимони Донишгоҳи аграрӣ барои гузаронидани мушоҳидаҳои илмӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари кори доштанд.
Дар рафти корхои илмию тадқиқоти дар заминҳои кишти картошка, пиёз ва дигар сабзавотҳо шоҳиди он гаштанд, ки коркардҳои агротехникӣ хуб ба роҳ монда шуда то ҳолати кунуни ғизоҳои фосфори, калиги ва азотӣ аз рӯйи меъёри лозим ба роҳ монда шуда, дар арафаи хуби гулу ҳосил банди қарор дорад.Инчуни зимни сафари корӣ дар қисман ҷойҳои зироати картошка касали фитофтороз ва ҳашароти зараррасони гамбусаки колоради паҳн гашта дар давраи аввали зараррасони қарор доштанд.
Аз ин лиҳоз олимони Институти ҳифзи растаниҳои АИКТ тавсияҳои илмӣ барои мубориза бар зидди касалу ҳашаротҳои зараррасон пешниҳод намуданд:
Истифода аз пестисидҳои вертимек, искра, меткиллер, моспилан, конфидор бо меъёри 0.4-0.6л/га бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва фунгисидҳои фоликур, Абига пик, топаз-м бо меъёри 1-1,2л/га бо 250л маҳлули кори бар зидди касалиҳо.