
Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 8 марти соли 1951 дар заминаи Стансияи хокшиносию мелиоративии ба номи Антипов-Каратаеви минтақаи Вахш таъсис дода шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, №215, он ҳамчун «Институти хокшиносӣ» номгузорӣ гардид. Сипас, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №487, ба қарори қаблӣ тағйирот ворид гардида, муассиса ҳамчун «Институти хокшиносӣ ва агрохимия» аз нав номгузорӣ карда шуд.
Институт таҳти тобеияти бевоситаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Дар сохтори институт 8 шуъба, озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хок ва растанӣ, муҳосибот, шуъбаи кадрҳо, ду стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, се пойгоҳи минтақавии таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Файзобод, Ваҳдат, Варзоб) ва як пойгоҳи таҷрибавии Хуросон мавҷуданд.
ВАЗИФАҲОИ ИНСТИТУТ:
Ба роҳ мондани омӯзиши хокҳои ҷумҳурӣ, татбиқи таҳқиқоти муҳими назариявӣ, амалӣ ва инноватсионии илмӣ, ки ба барқарорсозӣ, нигаҳдорӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок равона шудаанд;
Коркард ва татбиқи усулҳои нави инноватсионӣ ҷиҳати пешгирии шӯршавӣ ва ботлоқшавии хок дар заминҳои обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ ва ворид намудани заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ;
Таҳқиқи хок, наботот, системаҳои обёрӣ ва обҳои зеризаминӣ дар шароити саҳро ва озмоишгоҳ бо истифода аз усулҳои анъанавӣ ва муосир;
Муайян намудани мувозинат байни равандҳои химиявӣ, физикӣ-химиявӣ, биологӣ ва ҳолати экологии хок;
Татбиқи усулҳо ва технологияҳои самарабахши идоракунии хосиятҳои физикӣ-химиявӣ, реҷаи обию ғизоии хок, коркарди картограммаҳои агрохимиявӣ ва дигар харитаҳои соҳавӣ;
Коркарди усулҳои илмӣ асоснок барои муайян кардани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии бонитетии заминҳои обӣ ва лалмӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, ноҳияҳо ва хоҷагиҳо;
Гузаронидани мониторинги хок бо мақсади назорати ҳолати заминҳои кишоварзӣ, муайянсозии саривақтии тағйирот ва таҳияи тавсияҳо барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои равандҳои манфӣ (шӯршавӣ, таназзул, ифлосшавӣ, эрозия);
Омӯзиши ҳамаҷонибаи генетикӣ, ҷуғрофиёӣ ва эволютсияи хок, таҳияи маводи картографӣ ва пойгоҳи маълумотҳо дар асоси технологияи GIS, такмили гурӯҳбандии истеҳсолоти кишоварзӣ ва арзёбии хок;
Танзими реҷаи ғизоии хок тавассути истифодаи самараноки нуриҳои минералӣ ва узвӣ бо дарназардошти ҳосилхезии хок ва талаботи зироатҳои киштшаванда.
Институт дар ин давра бо зиёда аз 50 институти илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷии дуру наздик ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Самтҳои ҳамкорӣ фарогири масъалаҳои зерин мебошанд:
омода намудани кадрҳои илмӣ,
гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ,
ташкил ва иштироки муштарак дар конференсияҳои илмӣ-амалӣ,
мубодилаи магистрон, аспирантон ва докторантон (PhD),
такмили ихтисоси кормандон.
Инчунин, дар доираи 20 лоиҳаи байналмилалӣ, институт бо ташкилотҳои хориҷӣ, аз ҷумла:
FAO, USAID, GIZ, NEKSIGOL, CARITAS, ICARDA, WORLD BANK (Бонки Умумиҷаҳонӣ), дар самтҳои зерин шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст:
таҳқиқоти илмӣ,
такмили ихтисоси кормандон,
таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолии магистрон ва докторантон,
таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура (PhD),
омӯзиши забонҳои хориҷӣ,
таъмир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо.
Соли 2025, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ», 10 озмоишгоҳи илмии институт пурра таъмир ва бо таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ таъмин карда шуданд.
Омӯзиши хосиятҳои биологӣ, биохимиявӣ, микробиологӣ ва мувозинаи моддаҳои органикии хок; таҳияи усулҳои истифодаи нуриҳои микробиологӣ ба зироатҳои кишоварзӣ;
Омӯзиши ҳолати мелиоративии шӯрзаминҳои минтақаҳои обёришаванда ва таҳияи технологияҳои инноватсионӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии шӯршавии хок;
Омӯзиши равандҳои эрозияи хок, намуд ва ҷараёни сел, таснифоти он ва таҳияи чораҳои муосири зиддиэрозиявӣ ва захираи нам дар заминҳои кишоварзӣ;
Омӯзиши генезис ва таснифоти хокҳои ҷумҳурӣ вобаста ба минтақаҳои амудӣ дар шароити тағйирёбии иқлим; таҳия ва рақамикунонии харитаҳои хок бо истифода аз технологияи системаи иттилоотию ҷуғрофӣ (СИҶ);
Муайянсозии баҳодиҳии агроэкологӣ ва бонитетии хокҳои минтақаҳои обёришаванда, лалмӣ ва чарогоҳу алафдаравҳои табиӣ дар асоси таҳқиқоти саҳроӣ, озмоишгоҳӣ ва камералӣ;
Муайян намудани реҷаи ғизоии хок, муҳлат, тарз, намуд ва меъёри истифодаи нуриҳои минералӣ ва узвӣ барои зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва алафдаравҳои табиӣ; таҳлили мувозинаи макро ва микроэлементҳои ғизоӣ дар системаи "нурӣ-хок-растанӣ" бо истифода аз усулҳои ташхиси классикӣ ва таҳлили бофтаи растанӣ;
Арзёбии таъсири ғизодиҳӣ ба ҳосилхезии хок ва сифати маҳсулоти кишоварзӣ.