Соли 1927 институт ҳамчун Озмоишгоҳи ветеринарии Сталинобод таъсис дода шудааст ва соли 1931 ҳамчун Институти илмӣ-тадқиқотии эксперименталии ветеринарӣ номгузорӣ карда шуд.
Сипас соли 1932 ба Стансияи илмӣ-тадқиқотии ветеринарии минтақавӣ, ва соли 1933 аз нав ба Озмоишгоҳи ветеринарии бактериологии Сталинобод номгузорӣ шуд.
Соли 1943 дар заминаи озмоишгоҳ Стансияи таҷрибавии илмӣ-тадқиқотии ветеринарӣ таъсис дода шуд. Соли 1956 ба ҳайати Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон дохил гардид ва Институти илмӣ-тадқиқотии чорводорӣ ва ветеринарӣ таъсис дода шуд.
Соли 1961 Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарӣ аз Институти чорводорӣ ҷудо гардида, Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Институт дар асоси қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1961, таҳти №163 ташкил карда шуд, ки дар сохтори Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.2008, таҳти №215 номи Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарӣ ба Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргардонида шуд.
Соли 2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №487, Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.
Институти тибби ветеринарӣ аз ҷиҳати сохтмон, коммуникатсия ва таҷҳизот ба талаботи меъёрҳои байналмилалии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотие, ки бо барангезандаҳои бемориҳои махсусан хавфнок кору фаъолият доранд, ҷавобгӯ мебошад.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кучаи Қаҳоров 734005
Телефон: (992 37) 227-51-92; 992 907 80 44 63
Почта: iveterinari@mail.ru